Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиреҳпӯшҳои Русия ба қаламрави Украина ворид шуданд


Мақомоти Украина мегӯянд, марзбонҳои кишвар сӯи корвони мошинҳои зиреҳпӯш, ки аз қаламрави Русия вориди кишвар шудааст, оташ кушоданд. Намояндаи хадамоти амнияти Украина Леонид Матюхин рӯзи душанбе, 25 август, ба хабарнигорон хабар дод, ки корвони иборат аз чанд танку зиреҳпӯш ва ду мошини боркаш марзро дар наздикиҳои шаҳри Мариупол вайрон кард. Ба гуфтаи ӯ, марзбонҳо монеъи идомаи ҳаракати корвон шуданд ва айни ҳол даргирӣ идома дорад.

Киев дар бораи вуруди зиреҳпӯшҳои Русия дар ҳоле хабар дод, ки қарор аст рӯзи сешанбе авзоъ дар Украина дар нишасте дар Минск бо ҳузури раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва сарвари Украина Петро Порошенко баррасӣ шавад.

Аз ин пеш Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, хабар дод, ки Маскав ба зудӣ корвони дуввум бо кӯмаки башариро ба Украина мефиристад. Ӯ дар як нишасти хабарӣ дар Маскав афзуд, "мо дирӯз нотаи расмӣ бо иттилоъ дар бораи нияти ташкили корвони навбатӣ бо борҳои башариро унвонии вазорати умури хориҷии Украина фиристодем ва дар он номгӯи комил ва миқдори молу амволеро, ки барои интиқол омода мешавад, замима кардем".

Корвони мошинҳои боркаш бо кӯмаки башарӣ барои мардуми вилояти Луҳанск, ки рӯзи 12 август аз шаҳри Наро-Фомински вилояти Маскав сӯи шарқи Украина роҳ гирифта буд, пас аз даҳ рӯз баъд ба он ҷо расид.

Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, рӯзи 22 август изҳор намуд, ки вуруди ин корвон бидуни раҳбаладии Кумитаи Салиби Сурх хилофи қавонини байнулмилалист. Ба гуфтаи ӯ, кормандони Салиби Сурх кафолати ҷудоихоҳон барои оташбас дар роҳи корвон бо кӯмаки башариро дастрас накарданд ва аз ин рӯ аз раҳбаладии корвон худдорӣ намуданд.

XS
SM
MD
LG