Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳамла ба масҷиди шиаҳои Бағдод 12 нафар ҷон бохтанд


I

I

Бар асари ҳамла ба як масҷиди шиаҳо дар қисмати шарқии Бағдод дасти кам 12 нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 30 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилои мақомоти Ироқ, рӯзи душанбе як маргталаб маводи таркандаро дар ҳоле мунфаҷир кард, ки намозгузорон аз масҷид берун мешуданд.

Се рӯз пеш бар асари ҳамла ба як масҷили сунниҳо дар канори шаҳри Баъқуба 70 нафар ба ҳалокат расида буданд. Ин ҳамла, ки гуфта мешавад аз сӯи мусаллаҳони шиамазҳаб роҳандозӣ шудааст, боиси афзоиши таниши байнимазҳабӣ дар Ироқ гардид.

Душманӣ миёни шиаҳову сунниҳо дар Ироқ чанд сол боз идома дорад ва шиаҳо алҳол алайҳи гурӯҳи суннии “Давлати исломӣ” меҷанганд, ки қаламрави бузурги шимоли кишварро тасарруф кардааст.

XS
SM
MD
LG