Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик барои медал дар Чин талош доранд


Тими варзишгарони ҷавони тоҷик дар Нанҷинг
Тими варзишгарони ҷавони тоҷик дар Нанҷинг

Дар бозиҳои дуюми тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин ду паҳлавони тоҷик муборизаро барои медалҳо идома медиҳанд.

Дар бозиҳои дуюми тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинг ду варзишгари тоҷик Равзатуллоҳ Исоев ва Тоҳирҷон Охонов дар риштаи гуштии юнониву румӣ барои медалҳо мубориза мебаранд.

Имрӯз, 25-уми август, Равзатуллоҳ Исоев дар рақобатҳо дар вазни то 42 кг дар нахустин қувваозмоияш аз рақиби худ Сеунг Ри аз Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0-4 шикаст хӯрд. Баъдан вай бар гуштигири Мексика Алфонзо Эмилио Перез бо ҳисоби 4-0 пирӯз шуд. Равзатуллоҳ барои медали биринҷӣ бо варзишгари Украина Олексий Масук имрӯз, соати 14:54 ба вақти Душанбе рақобат мекунад.

Тоҳирҷон Охонов бошад, дар рақобатҳо дар вазни то 85 кг дар қувваозмоии аввалинаш бар Чей-Хёнг МсМур Виау аз Самоаи Амрико бо ҳисоби 4-0 ғалаба кард, вале дар даври баъдӣ аз намояндаи Русия Марк Бемалиён бо ҳисоби 1-4 мағлуб гашт. Рақиби Тоҳирҷон дар даври навбатии марҳилаи интихобӣ варзишгари Канада Романдин Хеҳира мебошад. Қувваозмоии ҳарду соати 14:12 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Варзишгари ҳаштум ва охирини Тоҷикистон - Фирӯз Ёқубов - дар Олимпиадаи Нанҷинг рӯзи чоршанбе, 27-уми август, дар риштаи гуштии озод дар вазни то 100 кг вориди рақобат мешавад.

Панҷ варзишгари тоҷик - Фаррухи Салим, дзюдо, Ҷаъфар Шерматов , тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр, Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 3000 метр миёни духтарон, Карина Климик дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули озод ва Аниса Замирова дар камонварӣ аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.

Баъди натиҷагирии ҳашт рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинг дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Чин бо 31 медали тилло, 10 нуқра ва 13 биринҷӣ дар мақоми аввал аст. Мунтахаби Русия бо 20 медали тилло, 16 нуқра ва 10 биринҷӣ дар ҷойи дувум ва мунтахаби Украина бо 6 медали тилло, 7 нуқра ва 6 биринҷӣ дар ҷойи севум қарор доранд. Мунтахаби Маҷористон (6-6-7) дар зинаи чорум, Итолиё (6-6-4) дар зинаи панҷум ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (6-1-6) дар зинаи шашум ҷойгир шудаанд.

Аз рӯи ҳисоби шумораи умумии медалҳо низ Чин бо 54 нишон пешсаф мебошад. Русия бо 46 медал дар ҷойи дувум ва Олмон бо 21 медал дар ҷойи севуманд.

XS
SM
MD
LG