Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Фаронса Мануэл Валс рӯзи душанбе, 25 август, дар бораи истеъфои ҳукуматаш хабар дод.

Ба иттилои хабаргузориҳо, раисиҷумҳур Франсуа Олланд истеъфои нахуствазирро пазируфт ва ба ӯ супориш дод, ки ҳукумати нави “ҷавобгӯ ба нақшаҳои рушди кишвар”-ро ташкил кунад.

Қарор аст, ки ҳайати кобинаи нави вазирони Фаронса рӯзи 26 август таъсис шавад.

Аз ин пеш дар бораи ихтилофи назари ҷиддии нахуствазир Мануэл Валс ва вазири иқтисоди кишвар Арно Монтебур хабар расид. Рӯзи шанбе Монтебур изҳор намуд, сиёсати сарфаи шадид монеъаи рушди иқтисодии Фаронса гаштааст ва ҳукумат ин сиёсатро, ки зеро таъсири Олмон роҳандозӣ шудааст, бояд бознигарӣ кунад.

XS
SM
MD
LG