Пайвандҳои дастрасӣ

Сан-Франсиско аз заминларзаи шадид такон хӯрд


Бар асари заминларзаи нерӯяш 6 дараҷаи Рихтер дар шаҳри Сан-Франсискои аёлати Калифорнияи Амрико як тифл ҷароҳати сангин бардоштааст. Мақомоти аёлат рӯзи 25 август гуфтанд, заминларзаи рӯзи якшанбе шадидтарин дар ин минтақа дар 25 соли ахир буд. Беш аз сад нафар ҷароҳатҳои сабук бардоштанд. Дар ин офати табиӣ ба чандин бино, хатти интиқоли обу газ осеб расида, роҳҳо валангор шудаанд.

Маркази заминдарза, ки 10-20 дақиқа идома кард, дар наздикиҳои шаҳри Напа, маркази маъруфи шаробсозии воқеъ буд,

Волии Калифорния Ҷеррӣ Браун дар Сан-Франсиско вазъи фавқулодда эълон кард.

Аз ин пеш шадидтарин заминларза бо нерӯи 6,9 дараҷаи Рихтер дар Сан-Франсиско соли 1989 ба вуқӯъ пайваста, дар он беш аз 60 нафар ба ҳалокат расида буданд.

Зилзилсанҷон ҳушдор медиҳанд, ки ҳафтаи оянда дар Калифорния рӯх додани заминларзаи нерӯяш то 5 дараҷаи Рихтер аз эҳтимол дур нест.

XS
SM
MD
LG