Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати ду нафар дар ҳамла ба мошин бо молу амвол барои НАТО


Дар шимолу ғарби Покистон, бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба мошини боркаше, ки барои нерӯҳои НАТО дар Афғонистон молу мавод мебурд, ду нафар кушта шуданд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, ин ҳодиса рӯзи 25 август дар мавзеи Вазир Данд Ҷамбури минтақаи қабиланишин Хайбар, дар шоҳроҳе рӯй дод, ки шаҳри Пешоварро бо гузаргоҳи марзии Торхами Афғонистон мепайвандад.

Мақомоти амниятӣ ҷустуҷӯи ҳамлагаронро шурӯъ кардаанд.

Чаҳор рӯз пеш дар ҳамин гуна ҳамла дар вилояти Хайбар ду ронандаи дигар ҳам кушта шуда буданд.

Покистон – масири асосии интиқоли молу коло ва маводи сӯхти ИМА барои нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон боқӣ мемонад. Корвони мошинҳо бо маводи сӯхт ва озуқа барои нерӯҳои НАТО, ки аз бандари Қарочӣ сӯи Афғонистон роҳ мегирад, пайваста мавриди ҳамлаи ситезаҷӯён қарор мегиранд.

XS
SM
MD
LG