Пайвандҳои дастрасӣ

Хаҷимба дар интихоботи президентии Абхозистон пирӯз шуд


Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Абхозистон, ки рӯзи якшанбе баргузор гардид, бар пояи иттилои расмӣ, раҳбари мухолифин Раул Хаҷимба пирӯз шудааст.

Комиссиюни марказии интихоботи Абхозистон рӯзи душанбе, 25 август, хабар дод, ки Хаҷимба беш аз 50 дар сади раъйҳоро соҳиб шудааст. Аз рақиби асосии ӯ – раҳбари хадамоти амнияти Абхозистон Аслон Бжания тақрибан 36 дар сади раъйдиҳандагон пуштибонӣ кардаанд.

Дар раъйдиҳӣ, ба иттилои расмӣ, 70 дар сади афроди дорои ҳаққи раъй ширкат доштанд.

Бар пояи қавонини Абхозистон, номзаде пи рӯз эълон мешавад, ки дар даври аввал 50 дар сад ба изофаи ҳаққи аққал як овозро дарёфт кардааст.

Моҳи июни соли равон раисиҷумҳур Александр Анкваб зери фишори мухолифин, ки баргузории ислоҳоти сиёсӣ, аз ҷумла, маҳдудсозии ваколатҳои раисиҷумҳурро тала мекард, аз мақомаш истеъфо дод. Абхозистон соли 1993 истиқлоли худ аз Гурҷистонро эълон кард. Соли 2008, баъд аз низои мусаллаҳона миёни Русияву Гурҷистон, Маскав истиқлолияти ин ҷумҳуриро эътироф намуд. Бар пояи қатъномаи Маҷмааи умумии СММ, Абхозистон як бахши Гурҷистон боқӣ мемонад.

Тифлис аллакай изҳор намуд, ки натиҷаҳои интихоботи президентии Абхозистонро эътироф нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG