Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқу Эрон муқобила бо ҷангҷӯёнро баррасӣ карданд


Ҳайдар Ободӣ номзад ба мақоми нахуствазири Ироқ ва Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, дар мулоқот дар шаҳри Бағдод масъалаи муқобила бо ҷангҷӯёни Давлати Исломии Ироқро баррасӣ кардаанд. Ин ҷангҷӯён то кунун манотиқи бузургеро дар қаламрави Сурия ва Ироқ ишғол кардаанд. Баъди гуфтугӯи ду тараф дар рӯзи 24-уми август, Ободӣ дар як баёния гуфт, ки Давлати Исломии Ироқ як хатаре барои тамоми минтақа аст. Айни замон нерӯҳои давлатии Ироқ бо ҳимояти ҳавопаймоҳои Амрико муқовимат ба ҷангҷӯёнро идома доданд, ки онҳо дигарбора талош карданд як полоишгоҳи бузурги нафт дар шаҳри Байиҷиро бигиранд. Эрон аз тамоми тарафҳо дар Ироқ хостааст, ки дар ҷанг алайҳи Давлати Исломии Ироқ муттаҳид шаванд. Фаронса ҳам рӯзи 24-уми август аз тамоми кишварҳои Ховари Миёна хост, дар ҷанги кишварҳои ғарбӣ алайҳи ҷангҷӯёни суннимазҳаби давлати Исломии Ироқ бипайванданд.

XS
SM
MD
LG