Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Натоиҷи пайкори пешсафони лигаи олӣ


Лаҳзае аз бозии дастаи "Истиқлол"

Лаҳзае аз бозии дастаи "Истиқлол"

Рӯзи шанбе, 23-юми август, бозиҳои даври 11-уми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Бозиҳои даври 11-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бегоҳи шанбе барпо гардиданд. Бозии марказии ин давр миёни «Хайр»-и Ваҳдат ва пешсафи мусобиқа - «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бо ҳисоби 3-2 ба фоидаи «Истиқлол» хотима ёфт.

Бозии дигари даври навбатӣ, ки байни ду дастаи вилояти Суғд - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сурат гирифт, бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби бузурги 4-0 ба охир расид.

Натоиҷи се бозии дигари даври 11-ум чунин аст: «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода - «Энергетик”-и Душанбе – 2-4, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа - “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан – 0-1, “Равшан”-и Кӯлоб - ССКА “Помир”-и Душанбе – 0-0.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 11-ум

23-юми август, шанбе

«РЕГАР-ТАДАЗ» - «ЭНЕРГЕТИК» - 2-4

Голҳо: Ҳасан Рустамов, 13 (0:1). Феликс Баффое, 29 (0:2). Фирӯз Раҳматов, 45+1 (1:2). Шодибек Ғаффоров, 53 (1:3). Бахтиёр Ҳасанов, 88 (1:4). Фирӯз Раҳматов, 90+4 (2:4).

Аз майдон хориҷ шуданд: Саид Эргашев («Регар-ТадАЗ»), 47 , Шавкати Ҳотам («Энергетик»), 67.
Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург»

«ВАХШ» - «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» - 0-1

Гол: Сафаралӣ Каримов, 66 – аз пеналтӣ.

Аз майдон хориҷ шуданд: Индус Ҳусейнов («Далерон-Ӯротеппа»), 57, Асадулло Нуруллоев (мураббии калони «Далерон-Ӯротеппа»), 58.

Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор»

«ХАЙР» - «ИСТИҚЛОЛ» - 2-3

Голҳо: Ҳусейни Сӯҳробӣ, 57 (1:0). Ромиш Ҷалилов, 77 (1:1). Ромиш Ҷалилов, 86 (1:2). Менсаҳ Даниэл Абан, 89 (2:2). Дилшод Восиев, 90 (2:3).
Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ.

«ПАРВОЗ» - «ХУҶАНД» - 0-4

Голҳо: Ҳикматулло Расулов, 9 (0:1). Дилшод Каримов, 37 (0:2). Вайсиддин Сафаров, 61 (0:3). Сайриддин Ғаффоров, 89 (0:4).

Аз майдон хориҷ шуд: Комрони Мирзохон («Парвоз»), 45+1.

Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ»

«РАВШАН» - ССКА «ПОМИР» - 0-0

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол»

11

10

1

0

46-6

31

2

«Хуҷанд»

11

6

3

2

16-22

18

3

«Энергетик»

11

5

3

3

17-12

18

4

«Далерон»

11

5

3

3

11-8

18

5

«Хайр»

11

5

1

5

16-15

16

6

«Парвоз»

11

5

1

5

16-23

16

7

«Регар»

11

3

3

5

16-18

12

8

ССКА

11

2

2

7

8-17

8

9

«Равшан»

11

2

2

7

13-31

8

10

«Вахш»

11

2

1

8

3-20

7

Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 13 тӯб, Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ») – 9 тӯб, Комил САИДОВ, Хуршед МАҲМУДОВ (ҳарду – «Истиқлол») – 7-тӯбӣ, Наврӯз РУСТАМОВ («Равшан»), Манучеҳр АҲМАДОВ («Хуҷанд») – 5-тӯбӣ.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG