Пайвандҳои дастрасӣ

Сокини Душанберо барои беэътиноӣ ҷарима карданд


Додгоҳи ноҳиявии шаҳри Душанбе, як сокини пойтахтро барои ба мактаб нафиристодани ду фарзанди ноболиғаш ҷарима кардааст. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ бо нашри баёнияи катбие гуфт, Шайдулло Назаров, ба фарзандони 14 ва 13-солааш Муҳаммад ва Манижа иҷоза надодааст, дар соли хониши 2013-2014 ба мактаб раванд, ки ин кор мухолифи қонунҳои Тоҷикистон аст. Бар тибқи ду қонун, аз ҷумла қонун “Дар бораи маориф”, падару модарон дар Тоҷикистон ўҳдадоранд барои фарзандон шароити таҳсилро фароҳам кунанд ва дар гирифтани савод ба онҳо кӯмак расонанд. Барои иҷро накардани ин қонун ва қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, додгоҳ ба Шайдулло Назаров амр додааст, 4 ҳазор сомонӣ ва ё тақрибан 800 доллар ҷарима супорад. Додгоҳ нагуфтааст, ки чаро Шайдулло Назаров монеъи таҳсили фарзандонаш шудааст.

XS
SM
MD
LG