Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон мушак ва ҳавопаймоҳои нав сохтааст


Ба гузориши ИРНА, хабаргузории расмии Эрон, ин кишвар мушакҳои пешрафтаи маҳви киштӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин тавлид кардааст. Ин хабаргузорӣ рӯзи 24-уми август навишт, ки мушаки Қадр қодир маҳви киштиҳо дар масофаи 100 километр аст. Мушаки дигари нави Эрон Насри Басир ном дошта, “бесадо парвоз мекардааст.” Ба навиштаи хабаргузории ИРНА, мутахассисони эронӣ ҳамчунин ду ҳавопаймои бесарнишин бо номи Каррор-4 ва Муҳоҷир-4-ро сохтаанд, ки барои нақшабардорӣ барои ҳадафҳои низомӣ ва ғайринизомӣ ба кор бурда мешаванд. Эрон аз соли 1992 ба тавлиди аслиҳаву ҷангафзорҳои худӣ шурӯъ кард ва силоҳҳои сабук ва сангин месозад.

XS
SM
MD
LG