Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина рӯзи истиқлолро ҷашн мегирад


Дар Украинаи гирифтори ҷангу бӯҳрон таҷлили ҷашни 23-умин солгарди истиқлол шурӯъ шуд. Раҳпаймоии низомӣ ба ин муносибат соати 10 ба вақти Киев оғоз ёфт ва дар он якуним ҳазор нафар афсару сарбоз дар ҳузури раҳбарони Украина бо техникаву ҷангафзорҳо раҳпаймоӣ мекунанд. Як рӯз пештар аз ин садҳо мошини кӯмакҳои башарии Русия, ки бе иҷоза ба минтақаҳои ишғолкардаи ҷудоихоҳон дар шарқи Украина ворид шуданд, аз онҷо ба Русия баргаштанд. Русия корвони бештар аз 220 мошини кӯмакҳои башариро беиҷоза ба он минтақа фиристод ва инро ҳукумати Украина таҷовуз ба қаламрави кишвар хонд. Ба гуфтаи Пол Пикард, раҳбарони нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо тамоми ин мошинҳо то нимаи рӯзи 23 август ба Русия баргаштаанд. Дар он рӯз Ангела Меркел садри аъзами Олмон бо раҳбарони Украина дар Киев мулоқот кард ва изҳори умедворӣ кард, ки муноқиша дар Украина аз роҳҳои сулҳомез ҳал шавад. То кунун дар ҷанги ҷудоихоҳони тарафдори Русия бо нерӯҳои давлатии Украина бештар аз 2 ҳазор нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG