Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон мегӯяд, ба Ироқ нерӯ нафиристодааст


August 18, 2014

August 18, 2014

Ба дунболи нашри хабарҳо дар мавриди ҳузури нерӯҳои Эрон дар Ироқ барои ҷанг бо нерӯҳои гурӯҳи Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом, Марзия Афхам, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон ин гузоришро "ба шиддат" радд кардааст.

Дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Эрон аз қавли Марзия Афхам овардааст, "Ҷумҳурии Исломи Эрон ҳеҷ гуна нерӯи низомӣ ба Ироқ нафиристодааст ва барномае дар ин бора надорад. "

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон афзудааст, дар айни ҳол Эрон ба далели ҳамкориҳои дуҷониба ва тааҳҳудоти байналмилалӣ бо ҳассосият таҳаввулоти майдонии Ироқро пайгирӣ карда ва ҳамкорӣ бо давлати ин кишварро дар ҳама заминаҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳад.

Ба назар мерасад, ин вокуниши сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон ба гузоришҳо мунташиршуда дар рӯзи шанбе дар хусуси ҳузури нерӯҳои еронӣ дар Ироқ рабт дошта бошад.

Рӯзи шанбе телевизиони Ал-Ҷазира ба нақл аз манбаъҳои амниятии иқлими Курдистони Ироқ гузориш дод, ки садҳо нерӯи низомии Эрон барои ҷанг бо нерӯҳои Давлати исломӣ ворид хоки Ироқ шудаанд. Ин гузориш меафзояд, ба назар мерасад, ин нахустин рӯёрӯии мустақими нерӯҳои эронӣ бо ҷангиёни Давлати исломӣ дар Ироқ мебошад.

Ин мақоми амниятии иқлими Курдистон, ки хостаааст номаш ифшо нашавад, ба Ал-Ҷазира гуфтааст, "дар ҳудуди як ҳазору 500 нерӯи низомии Эрон рӯзи ҷумъа марзи Ироқро убур кард, то дар амалиёти муштарак бо башмаргҳои курд дар вилояти Даёла ширкат кунанд.

Ин мақоми амниятӣ изофа кардааст, ки нерӯҳои эронӣ пас аз нокомӣ дар озодсозии як шаҳр дар ин минтақа, рӯзи шанбе Ироқро тарк кардаанд. Ба гузориши Ал-Ҷазира, шаҳри Ҷалуло дар 30 километрии марзи Эрон қарор дорад ва нуқтаи марзии стратегӣ барои Эрон ва Ироқ ба шумор меравад.

Гузоришгари Ал-Ҷазира дар шаҳри Арбил гуфтааст, то кунун Эрон кӯмакҳои машваратӣ ба нерӯҳои низомии Ироқ ироа кардааст, аммо ба назар мерасад рӯзи ҷумъа барои нахустин сарбозони эронӣ дар дохили хоки Ироқ амалиёти низомӣ анҷом доданд.

Манобеи амниятӣ дар иқлими Курдистон ба Ал-Ҷазира гуфтаанд, ки шаҳри Ҷалулоро муҳосира кардаанд, аммо бинобар минаҳои канорироҳӣ, ки нерӯҳои Давлати исломӣ гузоштаанд, натавонистаанд пешравӣ бикунанд. Гурӯҳи Давлати исломӣ тайи моҳҳои ахир бахшҳои зиёде аз хоки Ироқро ба тасарруф даровардааст.

XS
SM
MD
LG