Пайвандҳои дастрасӣ

Маргталабе дар Ироқ 8 нафарро кушт


Рӯзи 23-уми август як бомбгузори маргталаб худро дар назди бинои Вазорати умури дохилии Ироқ тарконд ва дасти кам 8 нафарро кушт. Чанд соат пештар аз ин маргталаби дигаре 9 сарбози ироқиро дар шаҳри Тикрит ҳалок кард. Дар ҳодисаи аввал фарди маргталаб мошини бомбгузоришудаашро ба бинои вазорати умури дохилӣ равона карда, сипас онро тарконд. Дар ин ҳамла афроди ғайринизомӣ ва посбонҳои вазорат кушта шуданд ва бештар аз 20 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар Тикрит низ мошини бомбгузоришударо дар назди гурӯҳе аз сарбозон ва шибҳанизомиёни шиъамазҳаб мунфаҷир кардаанд. Як рӯз пештар аз ин ва дар рӯзи 22 августи, афроди мусаллаҳ ба масҷиди суннимазҳабон дар рустои Имом Вайс дар наздикии шаҳри Бақуба 68 нафарро куштанд.

XS
SM
MD
LG