Пайвандҳои дастрасӣ

Меркел хост, ҷангро дар Украина бас кунанд


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон аз ҳамаи тарафҳои даргир дар муноқиша дар шарқи Украина хост, ба ҷанг хотима диҳанд ва оташбасро барқарор кунанд. Ангела Меркел, рӯзи 23-уми август баъди мулоқоташ бо Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, гуфт, сулҳ дар замоне муяссар мешавад, ки “ҳарду тараф” амал кунанд. Ӯ афзуд, “барои расидан ба сулҳ ду тараф лозим аст, шумо ба танҳоӣ наметавонед ба сулҳ бирасед. Ман умедворам, гуфтугӯ бо Русия ба муваффақият мерасонад.” Ангела Меркел ба музокироти раҳбарони Русия, Украина, Қазоқистон, Белорус ва намояндагони Иттиҳодияи Аврупо ишора кард, ки қарор аст, рӯзи 26-уми август дар Минск баргузор шавад. Петро Порошенко гуфт, ки Украина ба хотири сулҳ, истиқлоли хешро қурбон намекунад ва садри аъзами Олмон ҳам гуфт, кишвараш тарафдори ҳифзи тамомияти арзии Украина ба шумули қаламрави Қрим аст. Ин нимҷазираро Русия моҳи март ба қаламраваш ҳамроҳ кард. Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Украина, Ангела Меркел ваъда додааст, ки Олмон барои барқарории минтақаҳои ҷангзада дар шарқи кишвар 500 миллион евро кӯмак мекунад.

XS
SM
MD
LG