Пайвандҳои дастрасӣ

Меркел бо раҳбарони Украина мулоқот мекунад


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, рӯзи 23-уми август барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти Украина вориди шаҳри Киев шуд. Интизор меравад, ӯ бо Петро Порошенко, раиси ҷумҳур, Арсений Ятсенюк, нахуствазир ва раисони чанде аз шаҳрҳоим Украина мулоқот кунад. Як рӯз пеш аз ин сафар, Ангела Меркел ва Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико дар сӯҳбати телефонӣ дар рӯзи 22-уми август, вуруди беиҷозаи корвони кӯмакҳои башарии Русия ба шарқи Украинаро амалкарди хатарноке барои шиддат бахшидани муноқиша дар Украина хонданд. Дар рӯзи сафари Ангела Меркел, муовини ӯ Сигмар Габриел гуфт, низоми федеративӣ дар Украина беҳтарин роҳ барои ҳифзи тамомияти арзӣ дар ин кишвар аст. Мақомоти Украина дар гузашта ҳамингуна пешниҳодҳои раҳбарони Русияро қотеъона рад кардаанд. Габриел Сигмар дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи “Велт ам Зонтаг” гуфтааст, ки дипломатҳои олмонӣ тамоми кори мумкинро мекунанд, ки “байни Русия ва Украина низоъи мустақими мусаллаҳона сар назанад.”

XS
SM
MD
LG