Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

УЕФА бозиҳои дастаи Қримро қабул надорад


Федератсиюни футболи Аврупо ва ё УЕФА эълон кард, ки ширкати тимҳои футболи нимҷазираи Қрим дар мусобиқоти Русияро ба ҳайси бозии қонунӣ қабул намекунад. Се тими Қрим, ки Русия моҳи март онро ба қаламрави худ ҳамроҳ кард, чанде пеш ба мусобиқоти футболи Русия пайвастанд. Дар қарори УЕФА аз рӯзи 22-август омадааст, ки “бозиҳои ин дастаҳо то замони огаҳии оянда эътироф намешаванд.” Аммо гуфтааст, федератсиюн, ҳеҷ гуна таҳриме алайҳи Русия эъмол намекунад, ки мизбони мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2018 аст. Федератсиюни Футболи Украина қаблан аз УЕФА хоста буд, Федератсияи Футболи Русияро танбеҳ диҳад, зеро он бар хилофи муқаррароти УЕФА амал кардааст.

XS
SM
MD
LG