Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як марду ду зани тоҷикро дар Русия куштанд


Мақомоти интизомии Русия мегӯянд, ба ҷустуҷӯи қотилони се шаҳрванди Тоҷикистон идома медиҳанд, ки ҷасадҳои онҳоро рӯзи 20-уми август дар дохили як хонае пайдо карданд. Додситонии шаҳри Кирови вилояти Ленинград, рӯзи 21 август хабар дод, ки ҷасади як марду ду зани тоҷикро дар дохили хонае дар ноҳияи Павлово, соҳибхона пайдо кардааст ва таҳқиқ дар ин замина идома дорад. Ба гуфтаи додситонӣ, муфаттишон барои муайян кардани ҳуввияти шаҳрвандони Тоҷикистон кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG