Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамлаи Исроил ба Ғазза 3 нафар кушта шуд


Бино ба гузоришҳо, дар як ҳамлаи ҳавоии Исроил ба хонае дар Навори Ғазза се фаластинӣ кушта шудаанд ва 10 тани дигар захм бардоштаанд. Ҳамла субҳи 23-уми август сурат гирифтааст ва дар ҳамлаи дигаре дар ҳамин рӯз ва ба шаҳраки Ғазза тақрибан 40 фаластинӣ маҷрӯҳ шудаанд. Пеш аз ин ҳамлаҳо Исроил гуфт, ки дар ҳамлаи фаластиниён бо минамёт ба як рустои наздимарзӣ бо Ғазза як навраси исроилӣ кушта шудааст. Аз замони оғози амалиёти Исроил дар Навори Ғазза аз аввали моҳи июл то кунун бештар аз ду ҳазор фаластинӣ ҷон додаанд ва 10 ҳазор тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Исроил мегӯяд, ҳадаф аз ин амалиёт хотима додан ба мушакандозиҳои Ҳамос ба қаламрави кишвар аст.

XS
SM
MD
LG