Пайвандҳои дастрасӣ

Дар як масҷиди Ироқ 68 нафарро куштаанд


Мақомоти Ироқ мегӯянд, дар натиҷаи ҳамла ба як масҷиди суннимазҳабон дар вилояти Диёло дасти кам 68 нафар кушта шудаанд. Ба гуфтаи як афсари пулиси вилоят, гурӯҳе аз афроди мусаллаҳ ба масҷиди рустои Имом Вайс дар наздикии ноҳияи Бақуба ҳамла карда ва мардуми дохили онро куштаанд. Баъзе аз манобеъ ҳамларо кори дасти гурӯҳҳои мусаллаҳи шиамазҳаб хондаанд, баъзеи дигар мегӯянд, ки ҷангҷӯёни Давлати Исломии Ироқ ин корро кардаанд. Ҳамла дар замоне сурат мегирад, ки ишғоли қаламравҳои васеъи Ироқ аз тарафи ин созмони тундрав сабаби авҷ гирифтани танишҳои мазҳабӣ дар кишвар шудааст. Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои давлатии Ироқ ва размандагони курд бо ҳимояти ҳавопаймоҳои Амрико ба самти шаҳри Мосул ҳаракат мекунанд, ки дар дасти ҷангҷӯён аст. Рӯзи 22 –уми август, ҷангҳо дар 35 километрии шаҳри Мосул идома кард ва нерӯҳои курд гуфтанд, ки чанд рустои хурдро аз дасти ҷангҷӯёни Давлати Исломии Ироқ озод кардаанд.

XS
SM
MD
LG