Пайвандҳои дастрасӣ

Корвони мошинҳои Русия аз Украина бармегардад


Панҷ мошини корвони кӯмакҳои башарии Русия, ки беиҷоза вориди қаламрави Украина шуданд, аз онҷо баргашта ва ба Русия расиданд. Пол Рикард, раҳбари муваққатии гурӯҳи нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, гуфт, чанде аз мошинҳои борбар аз гузаргоҳи марзии Донетск-Изварино гузаштанд, баъзеи дигар ба самти Русия ҳаракат мекунанд. Хабарнигори “Ассосиейтед Пресс” гуфт, маълум карда натавонист, ки мошинҳо холӣ буданд, ё пур. Рӯзи 22-уми август бар хилофи мувофиқати байни ҳарду тараф, корвони тақрибан 220 мошини кӯмакҳои башарии Русия рӯзи 22-увгуст бе иҷозаи ҳукумати Украина ва бе ҳамроҳии намояндагони Созмони Байналмилалии Салиби Сурх ба Украина ворид шуд. Мақомоти Киев ин ҳаракати Русияро “таҷовуз” ба хоки Украина хонданд ва раҳбарони Амрико ва дигар кишварҳои Ғарбӣ Русияро барои ин кораш танқид карданд.

XS
SM
MD
LG