Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Киев аз вуруди "корвони башари"-и Русия ба Украина


Як масъули Шӯрои амнияти миллии Украина Русияро дар он айбдор кард, ки корвон бо кӯмаки башариро бидуни раҳбаладии корманди Кумитаи Салиби Сурх вориди хоки Украина кардааст. Даҳҳо мошини боркаш рӯзи 22 август баъд аз он вориди манотиқи шарқии Украина шуданд, ки Маскав Киевро дар эҷоди монеъаҳои сунъӣ дар роҳи корвон бо кӯмаки башарӣ айбдор намуд ва эълом дошт, ки аз интизории зиёд хаста шудааст.

Андрей Лисенко, сухангӯи Шӯрои амнияти милли Украина, рӯзи ҷумъа гуфт, бидуни раҳбаладии Салиби Сурх вориди Украина шудани 90 мошини боркаш нақзи созиш миёни Украина ва Русия аст.

Раиси Хадамоти амнияти давлатии Украина Валентин Наливайченко ҳаракати мошинҳои боркаш бо кӯмаки башариро “таҷовузи ошкоро” аз сӯи Русия номид. Ӯ дар Твиттер навишт, ки Салиби Сурх бар асари вазъияти ногувори амниятӣ аз раҳбаладии корвони мошинҳои Русия худдорӣ кардааст.

Аз ин пеш Киев аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки дар корвони мошинҳои боркаш шояд Русия барои ҷудоихоҳон силоҳ мебарад.

XS
SM
MD
LG