Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пиллай: Дар ҷанги Сурия 191 ҳазор нафар ҷон бохтаанд


Навӣ Пиллай

Навӣ Пиллай

Дар ҷанги шаҳрвандии Сурия беш аз 191 ҳазор нафар ҷон бохтаанд. Навӣ Пиллай, раиси Идораи СММ дар умури ҳуқуқи башар рӯзи ҷумъа, 22 август, дар Женева гуфт, ки ин теъдоди қурбониёни ҷанг дар ин кишвари арабӣ аз моҳи марти соли 2011 бо моҳи апрели соли равон аст.

Хонум Пиллай афзуд, арқоми ахир назар ба рақамҳои як сол пеш интишоршуда ду баробар бештар аст. Ӯ ҷомеъаи ҷаҳониро дар бетафовутӣ ба вазъ дар Сурия айбдор кард ва гуфт, "таваҷҷуҳи Шӯрои амнияти Созмони Милал ба Шӯрои ҳуқуқи башар замони раҳбарии ман ба таври назаррас боло рафт. Вале бо вуҷуди нишастҳои батакрори Дафтари комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқи башар ва дигар ниҳодҳои ҳуқуқи башар дар бораи афзоиши нақзи қонун дар бӯҳронҳо на ҳама вақт аъзои Шӯрои амният барои хатми бӯҳронҳо тасмимҳои принисипалӣ мегирифтанд".

Як рӯз пеш Маркази дидбони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Бритониё, хабар дода буд, ки бар асари низоъ дар кишвар беш аз 180 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Низоъ дар Сурия аз намоишҳои зиддиҳукуматӣ шурӯъ шуд ва ба задухӯрд миёни нерӯҳои амниятӣ ва эътирозгарон печид. Ҷанги шаҳрвандӣ тақрибан нисфи мардумро бехонумон кард.

XS
SM
MD
LG