Пайвандҳои дастрасӣ

Георгий Кондратев, сармураббии мунтахаби миллии футболи Беларус, рӯйхати футболбозонеро, ки ба бозии дӯстона бо тими миллии Тоҷикистон даъват шудаанд, эълон кард.

Ба рӯйхати футболбозоне, ки ба бозии дӯстона бо тими миллии Тоҷикистон даъват шудаанд, Георгий Кондратев, сармураббии мунтахаби миллии футболи Беларус, 23 нафарро даъват кардааст.

Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби миллии Беларус ва Тоҷикистон 4-уми сентябр дар варзишгоҳи “Борисов-Арена”соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ ва соати 21:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Беларус 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 2 ҳамлагар даъват шудаанд. Дар байни онҳо ҳафт нафар дар премер-лигаи Русия бозӣ мекунанд. Инчунин ба бозӣ муқобили Тоҷикистон Александр Глеб, собиқ нимҳимоятгари «Штутгарт»-и Олмон, «Арсенал»-и Инглистон ва «Барселона»-и Испания, ки ҳоло дар бошгоҳи «Коняспор»-и Туркия бозӣ мекунад, даъват шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тоҷикистон барои аввалин бор бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Дар айни ҳол дар рейтинг ё раддабандии ФИФА Беларус дар ҷойи 88-ум ва Тоҷикистон дар ҷойи 120-ум қарор доранд.

Ҳайати мунтахаби Беларус ба бозии дӯстона бо Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Александр Гутор («Динамо-Минск»), Сергей Черник (БАТЭ), Андрей Климович («Гомел»).

Ҳимоятгарон: Игор Шитов («Мордовия» Саранск, Русия), Олег Веретило, Сергей Политевич (ҳарду – «Динамо-Минск»); Александр Мартинович («Краснодар», Русия), Егор Филипенко, Денис Поляков (ҳарду – БАТЭ, Борисов), Максим Бордачев («Ростов», Русия).

Нимҳимоятгарон: Сергей Баланович («Амкар» Перм, Русия), Сергей Кисляк («Рубин» Қазон, Русия), Михаил Гордейчук, Сергей Криветс, Эдгар Олехнович, Иля Алексиевич (ҳама – БАТЭ, Борисов), Ян Тигорев («Локомотив» Маскав, Русия), Игор Стасевич («Динамо-Минск»), Тимофей Калачев («Ростов», Русия); Александр Глеб («Коняспор», Туркия), Станислав Драгун («Криля Советов» Самара, Русия).

Ҳамлагарон: Сергей Корниленко («Криля Советов» Самара, Русия), Павел Савитский («Неман» Гродно).

Доварони бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тоҷикистон аз Литва мебошанд. Сергей Сливаи 34-сола сардовар, Саулюс Дирда ва Владимир Герасимов доварони марзи майдон таъин шудаанд. Довари эҳтиётӣ Денис Шербакови беларус аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG