Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 33 нафар бар асари садамаи ду автобус дар Миср


Садамаҳо дар миср зиёд рӯй медиҳанд (акс аз бойгонӣ)
Садамаҳо дар миср зиёд рӯй медиҳанд (акс аз бойгонӣ)

Бар асари ба ҳам бархӯрдани ду автобус дар нимҷазираи Синойи Миср дасти кам 33 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин ҳодиса, ки рӯзи ҷумъа рӯй дод, ба иттилои хабаргузории мисрии MENA, 41 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Хабаргузорӣ навиштааст, ки яке аз автобусҳо аз як фароқатгоҳи Шарм-ул-Шайх меомад ва дигарӣ аз минтақаи воҳаи рӯдхонаи Нил.

Ба иттилои расонаҳо,миёни маҷрӯҳон - шаҳрвандони Русия, Арабистони саудӣ, Яман ва Украина ҳам ҳастанд.

Дар шоҳроҳҳо ва роҳи оҳани Миср техникаи бехатарӣ риоя намешавад ва нақзи қоидаҳои ҳаракати роҳ боиси садамаҳои пурқурбонӣ мегардад. Моҳи гузашта бар асари ба ҳам бархӯрдани автобус ва мошини боркаш дар як минтақаи воқеъ дар ҷануби Қоҳира дасти кам 17 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар як садамаи дигар дар нимҷазираи Синой дар моҳи марти соли равон 24 нафар ҷон бохта буданд.

XS
SM
MD
LG