Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гурӯҳи қочоқбарони тоҷику афғон дар Душанбе


Оҷонсии мубориза бо мухаддироти Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ хабар дод, ки мехостанд миқдори зиёди маводи нашъадорро аз тариқи Тоҷикистон ба Русия интиқол бидиҳанд. Ба иттилои ин ниҳод, дар натиҷаи амалиёти байналмиллалии бисёрмарҳила, ки якчанд моҳ давом ёфт, кормандони оҷонсӣ дар якҷоягӣ бо вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз рӯи усули “интиқоли назоратшаванда” фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷиноиро, ки хислати байналмиллалӣ дошт, қатъ намуданд. Дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ маводи нашъаовари навъи ҳашиш мусодира гардида, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон боздошт гардиданд. Манбаъ мегӯяд, дар қаламрави шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс” таҳти идораи зода ва сокини ноҳияи Фархор, якҷоя бо мусофири автомашина – сокини ҳамин ноҳия боздошт гардид. Ҳангоми азназаргузаронии автомашина 77 дона баста бо маводи бӯи ғализ дошта дарёфт гардид. Мутобиқи хулосаи Шуъбаи экспертизаи судии Оҷонсӣ, маводи мусодирашуда ҳашиш буда, вазнаш 100 кг-ро ташкил менамояд. Кормандони ин ниҳод дар рафти гузаронидани чорабиниҳои иловагӣ боз як аъзои ин гурӯҳ -- сокини 53-солаи вилояти Тахори Афғонистонро дастгир кардаанд ва ҳамакнун нисбати ҳодисаи мазкур аз тарафи Шӯъбаи тафтишоти Оҷонсӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст. Бо мақсади ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҳамаи аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша қарор шуда, ки гурӯҳи байналмиллалии тафтишотӣ созмон дода шавад. Ин дуюмин амалиёт дар давоми як моҳи охир будааст.

XS
SM
MD
LG