Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи шанбе, 23-юми август, бозиҳои даври 11-уми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Бозиҳои даври 11-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бегоҳи шанбе барпо мегарданд. Бозии марказии ин давр миёни «Хайр»-и Ваҳдат ва пешсафи мусобиқа - «Истиқлол»-и Душанбе соати 17 дар варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат шурӯъ мешавад.

Бозии дигари даври навбатӣ байни ду дастаи вилояти Суғд - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сурат мегирад.

Дар се бозии дигари даври 11-ум «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо «Энергетик”-и Душанбе, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан ва “Равшан”-и Кӯлоб бо ССКА “Помир”-и Душанбе вориди рақобат мешаванд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 11-ум

23-юми август, шанбе. Оғози бозиҳо - соати 17.00

«РЕГАР-ТАДАЗ» - «ЭНЕРГЕТИК»

Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

«ВАХШ» - «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА»

Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор»

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

«ХАЙР» - «ИСТИҚЛОЛ»

Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр»

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).


«ПАРВОЗ» - «ХУҶАНД»

Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ»

Сардовар: Аъзам Бӯриев (Душанбе).


«РАВШАН» - ССКА «ПОМИР»

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

10

9

1

0

43-4

28

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

10

5

3

2

12-12

18

3

«Хайр» (Ваҳдат)

10

5

1

4

14-12

16

4

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

10

5

1

4

16-19

16

5

«Энергетик» (Душанбе)

10

4

3

3

13-10

15

6

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

10

4

3

3

10-8

15

7

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

10

3

3

4

14-14

12

8

ССКА «Помир» (Душанбе)

10

2

1

7

8-17

7

9

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

10

2

1

7

3-19

7

10

«Равшан» (Кӯлоб)

10

2

1

7

13-31

7

Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 12 тӯб, Комил САИДОВ, Хуршед МАҲМУДОВ (ҳарду – «Истиқлол»), Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ») – 7-тӯбӣ, Наврӯз РУСТАМОВ («Равшан»), Манучеҳр АҲМАДОВ («Хуҷанд») – 5-тӯбӣ, Айдох НАПОЛЕОН («Хайр»), Чарлз ТЕКО («Хуҷанд»), Фарҳод ТОҲИРОВ («Парвоз»), Алия СИЛЛА (ССКА «Помир») – 4-тӯбӣ.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG