Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин мавқеи пешсафиашро дар Олимпиадаи наврасон устувор кард


Дар Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинг мунтахаби Чин дар ҳисоби умумидастаӣ мисли пешин дар ҷойи аввал қарор дорад.

Баъди натиҷагирии панҷ рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинг дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Чин бо 14 медали тилло, 4 нуқра ва 11 биринҷӣ дар мақоми аввал аст.

Мунтахаби Русия бо 9 медали тилло, 7 нуқра ва 5 биринҷӣ дар ҷойи дувум ва мунтахаби Италия бо 5 медали тилло, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҷойи севум қарор доранд. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (4-1-4) дар зинаи чорум, Маҷористон (4-0-4) дар зинаи панҷум ва Бритониёи Кабир (3-3-3) дар зинаи шашум ҷойгир шудаанд.

Аз рӯи ҳисоби шумораи умумии медалҳо низ Чин бо 29 нишон пешсаф мебошад. Русия бо 21 медал дар ҷойи дувум ва Олмон бо 11 медал дар ҷойи севуманд.

Дар рӯзи панҷуми мусобиқот, 21-уми август, варзишгари Тоҷикистон Карина Климик дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули озод миёни духтарон бо натиҷаи 31,94 сония дар байни 48 нафар ҷойи 42-юмро гирифт ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуд.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон 8 варзишгар дар 7 намуд – гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, варзиши сабук, дзюдо, камонварӣ, тирандозӣ ва шиноварӣ - дохиланд.

Фаррухи Салим, паҳлавони тоҷик, рӯзи 18-уми август дар сабқати дзюдо дар вазни то 81 кг дар даври аввал аз Усома Маҳмуд Санусӣ аз Тунис шикаст хӯрд. Баъдан вай дар ду қувваозмоӣ бар Маттиас Куусик аз Эстония ва Ҷозе Басили аз Бразилия пирӯз шуд. Вале Фаррух дар қувваозмоии чорумаш аз Луис Криебер-Гагнон аз Канада мағлуб гашт ва дар натиҷа мақоми 9-умро касб кард.

Дар ин вазн ҳамагӣ 21 варзишгар ширкат дошт. Михаил Иголникови русиягӣ, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Тамази Киракозашвили аз Гурҷистон ғолиб омад, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва соҳиби медали тилло гардид. Франк Де Вит аз Ҳолланд ва Иван Силва Моралес аз Куба ҷойҳои севумро гирифтанд.

Рӯзи 18-уми август, инчунин, варзишгари дигари тоҷик Ҷаъфар Шерматов дар сабқати тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр бо 521 имтиёз дар байни 20 нафар дар ҷойи охирин қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ маҳрум шуд.

Дар ин навъи тирандозӣ аз таппонча Павио Коростилёв аз Украина ғолиб шуд. Чёнчёнг Ким аз Кореяи Ҷанубӣ ҷойи дувум ва Эдуард Дортомб аз Фаронса ҷойи севумро гирифтанд.

Дар рӯзи чоруми мусобиқот – 20-уми август – варзишгари навраси тоҷик Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 3000 метр миёни духтарон рақобат кард. Вай бо натиҷаи 10 дақиқаю 11,6 сония дар байни 20 нафар ҷойи 15-умро соҳиб шуд ва аз ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ маҳрум гашт. Бояд гуфт, ки натиҷаи беҳтарини Меҳрангез аз ин пеш 10 дақиқаю 31 сония буд.

Ба ин тартиб боз чаҳор варзишгари дигари тоҷик - камонвар Аниса Замирова, гуштигирон Равзатуллоҳ Исоев, Тоҳирҷон Охонов ва Фирӯз Ёқубов дар Олимпиадаи Нанҷинг рақобат мекунанд.

Ҷадвали ширкати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои II олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин

22-юми август. Аниса Замирова, камонварӣ.

25-уми август. Равзатулло Исоев, гуштии юнониву румӣ, вазни то 42 кг.

25-уми август. Тоҳирҷон Охонов, гуштии юнониву румӣ, вазни то 85 кг.

27-уми август. Фирӯз Ёқубов, гуштии озод, вазни то 100 кг.

XS
SM
MD
LG