Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Корвони Русия ба Украина ворид мешавад


Баъд аз тақрибан як ҳафтаи таъхир, қарор аст, аввалин мошинҳои кӯмакҳои башарии Русия рӯзи 21-уми август ба Украина ворид шавад. Айни замон дар ҷангҳои мудавом дар шарқи он кишвар 10 нафари дигар кушта шуданд. Украина аз тарси онки Русия барои ҷудоихоҳон дар ин корвону силоҳу лавозимот мебарад, ба вуруди 250 мошин иҷоза надод. Ҳукумати Русия мегӯяд, корвони кӯмакҳои башарӣ барои мардуми Донетск ва Луҳанск, ки дар ҷангҳои онҷо 2 ҳазор нафар ҷон доданд, пешбинӣ шудааст. Андрий Лисенко, сухангӯи артиши Украина гуфт, ки аз тири ҷудоихоҳон дар шаҳри Луҳанск се паноҳанда аз ҷумла як кудаки 5 –сола кушта шуданд. Ин такягоҳи ҷудоихоҳон айни замон бе обу нерӯи барқ мондааст. Ба гуфтаи Лисенко, дар ҷангҳои шаби гузашта 5 сарбози украинӣ ҳам кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG