Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навоз Шариф дар порлумон суханронӣ накард


Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, аз суханронии барномарезишудааш дар порлумон даст кашид, зеро вакилони мардумӣ бо қабули як санад гуфтанд, таҳти фишори тазоҳуроти хиёбонӣ истеъфо додани ӯ ва ё пароканда кардани порлумон ғайриқонунӣ мебуд. Қарор буд Навоз Шариф рӯзи 21-уми август дар бораи бӯҳрони сиёсӣ дар кишвараш дар порлумон суханронӣ кунад. Бо вуҷуди ҳузури ҳазорон тазоҳургар, дар назди порлумон, ки истеъфои ӯро талаб доранд, Навоз Шариф ба бинои порлумон дар Исломобод ворид шуд. То кунун мақомот расман нагуфтаанд, ки чаро нахуствазир дар порлумон суханронӣ накард. Дигар ин ки Имрон Хон, сиёсатмадори мухолифи давлат ва яке аз пешвоёни тазоҳургарон гуфт, ки намояндагонаш дар даври дуввуми музокирот бо ҳукумат ширкат намекунанд. Тарафдорони Имрон Хон ва пайравони Тоҳир Қадрӣ як рӯҳонии муҳофизакори шӯҳратталаб дар Покистон тақрибан як ҳафта аст, ки бо талаби истеъфои Навоз Шариф дар Исломобод тазоҳурот мекунанд.

XS
SM
MD
LG