Пайвандҳои дастрасӣ

Умон, Фаластин ва Сингапур – рақибони Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ-2014


Рамзи Бозиҳои осиёӣ-2014

Рамзи Бозиҳои осиёӣ-2014

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ бо дастаҳои Умон, Фаластин ва Сингапур рақобат мекунад.

Дар мусобиқаи футбол аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ, киаз 14-уми сентябр то 4-уми октябр дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад, 29 дастаи мунтахаби мардона (U-23) ширкат меварзад.

Мувофиқи натоиҷи қуръакашӣ, ки имрӯз, 21-уми август доир шуд, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Умон, Фаластин ва Сингапур бозӣ мекунад.

Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба 8 гурӯҳ тақсим шуданд. Панҷ гурӯҳ аз чаҳордастаӣ ва се гурӯҳ аз седастаӣ иборатанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба 1/8 финал мебарояд. Дар мавриди ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфтани мунтахаби Тоҷикистон рақибаш яке аз тимҳои гурӯҳи «D» (Ҷопон, Кувайт, Ироқ ва Непал) мешавад.

Тибқи регламент ё тартиби Бозиҳои осиёӣ дар мусобиқот футболбозони синнашон то 23-сола (соли таваллудашон 1991 ва аз он хурд) иштирок мекунанд. Инчунин ҳар як даста имкон дорад, ки се футболбози синнашон аз 23-сола болоро ба ҳайат ворид намояд.

Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи футболи Бозиҳои осиёӣ-2014:

Гурӯҳи «А»: Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Арабистони Саудӣ, Лаос.

Гурӯҳи «B»: Узбакистон, Ҳонконг, Бангладеш, Афғонистон.

Гурӯҳи «С»: Умон, Фаластин, Сингапур, Тоҷикистон.

Гурӯҳи «D»: Ҷопон, Кувайт, Ироқ, Непал.

Гурӯҳи «E»: Тайланд, Молдив, Тимори Шарқӣ, Индонезия.

Гурӯҳи «F»: Кореяи Шимолӣ, Чин, Покистон.

Гурӯҳи «G»: Имороти Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Урдун.

Гурӯҳи «Н»: Эрон, Ветнам, Қирғизистон.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG