Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Подош барои боздошти Ҳаққонӣ 10 млн доллар шуд


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба онҳое, ки дар боздошти чаҳор узви шабакаи тундрави Ҳаққонӣ мусоидат мекунанд, 5 миллион долларӣ подоши нав ваъда кард. Мақомоти Амрико рӯзи 20-уми август гуфтанд, барои ҳаргуна иттилои арзишманде, ки ба боздошти Азиз Ҳаққонӣ, Халил Раҳмон Ҳаққонӣ, Яҳё Ҳақққонӣ ва Абдулрауф Зокир, хешовандони Сироҷиддин Ҳаққонӣ, кӯмак мекунанд, 5 миллион долларӣ подош медиҳад. Подош барои боздошти худи Сироҷиддини Ҳаққониро ду баробар афзуда ба 10 миллион доллар расониданд. Шабакаи Ҳаққонӣ як шарики Ал-Қоида ва Толибон аст ва дар Вазиристони Шимолии Покистон паноҳ мебарад. Ҳамлаҳо ба қаламрави Афғонистон, аз ҷумла муҳосираи 19-соатии сафорати Амрико дар Кобул дар соли 2011-ро кори дасти ҷангҷӯёни шабакаи Ҳаққонӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG