Пайвандҳои дастрасӣ

Исроил се фармондеҳи Ҳамосро кушт


Созмони тундрави Ҳамос мегӯяд, се фармондеҳи баландрутбаи созмон дар як ҳамлаи ҳавоии Исроил дар шоми 20-уми август кушта шудаанд. Муҳаммад абу Шамала, Роид ал-Аттор ва Муҳаммад Барҳум ҳангоми бомборони хонае дар шаҳри Рафаҳ дар ҷануби Навори Ғазза ҷон доданд. Ашраф ал-Қудра сухангӯи Хадамоти ҳолатҳои фавқуллода гуфт, ки дар маҷмӯъ дар ҳамлаи исроил 8 фаластинӣ кушта шудаанд. Баъди оғози амалиёти Исроил дар Навори Ғазза аз рӯзи 8-уми июл бори аввал аст, ки чунин фармондеҳони баландрутбаи Ҳамос кушта мешаванд. Рӯзи 20-уми август Шӯрои Амнияти Созмони Милал аз шурӯъи дигарбораи ҷанг байни фаластиниёну Исроил изҳори нигаронии амиқ кард ва аз ҳарду тараф хост, ҳарчӣ зудтар музокиротро аз сар бигиранд ва ба “созиши оташбаси пойдор” бирасанд. Ҷанг дар Навори Ғазза баъд аз 10 рӯзи оромӣ рӯзи 19-уми август аланга зад.

XS
SM
MD
LG