Пайвандҳои дастрасӣ

Украина тафтиши корвони русиро оғоз мекунад


Қарор аст, марзбонони Украина ба тафтиши баъзе аз мошинҳои ҳомили кӯмакҳои башарии Русияро оғоз кунанд. Чаҳор мошини боркаши русӣ аз ҳисоби корвони 260 мошин рӯзи 20-уми август ба гузаргоҳи гумрукӣ дар назди сарҳади Украина ворид шуданд. Андрий Лисенко, сухангӯи Шӯрои Амнияти Миллии Украина, гуфт, тафтиши мошинҳо фавран шурӯъ намешавад, зеро Русия тамоми санадҳои лозимиро ба онҳо пешниҳод накардааст. Корвони кӯмакҳои башарӣ як ҳафта боз дар сарҳади Русияву Украина дармондааст, зеро Киев метарсад, ки дар ин корвон барои ҷудоихоҳони тарафдори Русия дар шарқи Украина силоҳ бибаранд. Маскав мегӯяд, ки кӯмакҳои башарӣ барои шаҳрвандони осоишта аст, ки дар байни муноқишаи ҷудоихоҳону нерӯҳои давлатии Украина банд мондаанд. Намояндагони Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, рӯзи 20 –уми август ба шарқи Украина рафтанд, то дар расонидани кӯмакҳо мусоидат кунанд.

XS
SM
MD
LG