Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико саъй кардааст, Фолиро озод кунад


Ҳукумати Амрико мегӯяд, нерӯҳои махсуси ин кишвар саъй кардаанд, ки Ҷеймс Фоли хабарнигори кушташуда ва дигар гаравгонҳои амрикоиро аз асорати ҷангҷӯёни Давлати Исломии Ироқ дар Сурия озод кунанд, вале онҳоро пайдо накардаанд. Лиза Монако, дастёри аршади раиси ҷумҳури Амрико дар умури мубориза бо терроризм, рӯзи 20-уми август гуфт, Барак Обама аввали тобистон барои анҷоми ин амалиёт амр додааст. Бори аввал аст, ки Иёлоти Муттаҳида эътироф мекунад, ки нерӯҳои заминиаш дар қаламрави Сурия будаанд. Як рӯз пеш аз ин ҷангҷӯёни Давлати Исломии Ироқ видеои сар буридани Ҷеймс Фолиро нашр карданд, ки ин хабарнигори амрикоӣ моҳи ноябри соли 2012 дар Сурия рабуда шуд. Барак Обама гуфт, бо вуҷуди таҳдиди тундравон ба қатли Стив Сотлоф, хабарнигори дигари амрикоӣ, Иёлоти Муттаҳида ҳамла ба ҷангҷӯёни Давлати Исломии Ироқро идома хоҳад дод. Барак Обама ин созмони ифротиро “саратоне” хонд, ки ба ҳамаи минтақа хатар дорад ва гуфт, барои онҳо дар қарни 21 ҷой нест. Ҷомеаи ҷаҳонӣ қатли ваҳшиёнаи Ҷеймс Фолиро маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG