Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷароҳати 3 тан дар Ғончӣ аз таркиши мошини газкашон


Бар асари таркиши мошини газкашон дар деҳаи Янғариқи болои ноҳияи Ғончӣ се нафар сокини ин деҳа ҷароҳати вазнин бардошта ва се манзили зист осеб дидааст. Рустамбой Ҷӯраев, муовини раиси ноҳияи Ғончӣ имрӯз, 20 август бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки ду сокини деҳаи Янағариқи боло бо шумули ронанда бар асари сӯхтани чанд дарсади баданашон, ба беморхона интиқол дода шуданд. Вай гуфт, ки ҳоло ҳамроҳи раисии ноҳия барои ошно шудан ба вазъи баамаломада, ба ҷои ҳодиса рафтаанд. Ба гуфтаи сокинони деҳаи «Янғариқи боло», мошине, ки барои аҳолӣ балони газ интиқол медод, ба таври ғайримунтазира таркид ва андозаи таркиш ба ҳадде баланд буд, ки мошин ба баландии тақрибан 1 метр боло шуда, сипас ба замин сарозер шуд. Ронандаи мошин ва чанд нафаре, ки дар назди мошин қарор доштанд, осеб дидаанд ва зуд онҳоро ба беморхона интиқол доданд. Ҳамчунин бар асари оташ гирифтани мошин се манзили зист низ осеб дидааст.

XS
SM
MD
LG