Пайвандҳои дастрасӣ

Бӯҳрони сиёсӣ дар Покистон авҷ мегирад


Рӯзи 20-уми август дар шаҳри Исломобод ҳазорон тазоҳургари зиддиҳукуматӣ бинои порлумони Покистонро муҳосира карданд. Баъди муҳосираи бино нахуствазир Навоз Шариф ва вакилон баррасии бӯҳрони сиёсӣ дар кишварро мутаввақиф карданд ва ҷаласаи порлумонро ба рӯзи 21-уми август ба таъхир гузоштанд ва ҳамроҳ бо Навоз Шариф аз дари пушт биноро тарк кардаанд. Панҷ рӯз боз аст, ки ҳазорон нафар ба раҳбарии Имронхон, сиёсатмадори мухолифи давлат ва Тоҳир Қадрӣ як рӯҳонии муҳофизакор дар Исломобод тазоҳурот мекунанд. Онҳо мегӯянд, нахуствазири Покистон бояд истеъфо бидиҳад, зеро дар интихоботи олуда ба тақаллуб пирӯз шудааст.

XS
SM
MD
LG