Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Ислом Каримов дар Чин ба поён расид


Сафари дурӯзаи Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон ба Чин баъд аз мулоқоташ бо раиси ҷумҳур Ши Ҷинпинг рӯзи 20-уми август ба поён расид. Рӯзи 19-уми август, ду раҳбар барномаи 5-солаи ҳамкориҳои дуҷонибаро тасвиб карданд ва як эъломияи муштаракро ба имзо расонданд. Байни ду кишвар ҳамчунин чандин қарордоду санадҳои ҳамкорӣ дар арсаи иқтисодӣ, технологияҳои нав ва низоми бонкӣ бо арзиши 6 миллиард доллар имзо шудааст. Ба иттилои хабаргузории Синхуа, раҳбарони Чину Узбакистон ба масъалаи бунёди лӯлаи газе таваҷҷӯҳ карданд, ки қарор аст, гази кишварҳои Осиёи Марказиро ба Чин бирасонад. Мубодилоти мол миёни Чину Узбакистон дар соли 2013 ба 5 миллиарду 200 миллион доллар расидааст.

XS
SM
MD
LG