Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангу хунрезӣ дар Ғазза идома кард


Созиши оташбаси муваққат миёни Исроил ва тундравони фаластинӣ аз Навори Ғазза ба поён расид. Артиши Исроил гуфт, рӯзи 19-уми август тундравони фаластинӣ аз Навори Ғазза ба Исроил тақрибан 50 мушак партоб карданд, вале касе осеб надид. Ба гуфтаи онҳо, ҳадафи ин мушакҳои дурпарвоз Байтулмуқаддас ва Тел Авив будааст. Дар посух ба ин мушакандозиҳо, сарбозони исроилӣ бо ҳамлаҳои ҳавоӣ 7 фаластинӣ аз ҷумла ҳамсару кӯдаки Муҳаммад Зайф, як фармондеҳи Ҳамосро куштаанд. Музокироти ду тараф дар Қоҳира дар бораи оташбаси дарозмуддат бенатиҷа анҷом ёфт, зеро ба гуфтаи Исроил “идомаи мушакандозиҳо музокиротро номумкин кард”. Намояндаи аршади фаластиниҳо гуфт, ки музокирот бо айби Исроил ба ҷое нарасидааст. Баъд аз амалиёти Исроил дар Навори Ғазза дар рӯзи 8-уми июл дар муноқишаи ду тараф то кунун 2000 ҳазор фаластинӣ ва аксаран ғайринизомиён кушта шудаанд. Аз тарафи Исроил 64 сарбоз ва се ғайринизомӣ талаф ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG