Пайвандҳои дастрасӣ

Артиши Покистон ба мухолифону ҳукумат ҳушдор дод


Бо наздик шудани тазоҳургарони зиддиҳукуматӣ ба бинои порлумони Покистон артиши ин кишвар аз раҳбарони мухолифин ва ҳукумат хост, бӯҳрони сиёсии авҷгирандаро аз роҳи муколама ҳал кунанд. Дар як баёнияи катбии артиши Покистон аз рӯзи 20-уми август гуфта мешавад, “ҳамаи тарафҳои саҳим бояд барои рафъи ихтилофи назар фавран ба муколама” шурӯъ кунанд. Ҳазорон тазоҳургари зиддиҳукуматӣ рӯзи 19 август, садду симхорҳои хати минтақаи амн дар Исломободро рахна карданд ва ба маҳалле ворид шуданд, ки идораҳои давлатӣ ва сафоратхонаҳои хориҷӣ ҷойгиранд. Маъмурони амниятӣ барои роҳ надодан ба хушунату бархӯрд пеши роҳи тазоҳургаронро нагирифтанд. Имрон Хон, чавгонбози собиқи маъруф ва раиси саввумин ҳизби бузурги сиёсии Покистон ва Тоҳир Қадрӣ як рӯҳонии муҳофизакор ин тазоҳуротро раҳбарӣ мекунанд ва талаб доранд, ки Навоз Шариф, нахуствазири Покистон аз мақомаш истеъфо диҳад, зеро ба қавли онҳо, интихоботи соли гузашта олуда ба тақаллуб олуда буд.

XS
SM
MD
LG