Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тундравон мегуянд, хабарнигори амрикоиро куштанд


Ҷангҷӯёни созмони Давлати Исломии Ироқ видеоеро нашр карданд, ки сар буридани як хабарнигори амрикоиро нишон медиҳад. Ҷеймс Фолиро соли 2012 афроди номаълуми мусаллаҳ дар Сурия рабуданд. Видеое, ки ҷангҷӯён рӯзи 19-уми август дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд, “Паёме ба Амрико” ном дорад. Ҳукумати Амрико гуфт, ки ин видеоро таҳқиқ мекунад, аммо хонаводаи Ҷеймс Фоли дар Фейсбук навиштааст: “Мо аз кори писарамон Ҷим бисёр ифтихор мекунем. Ӯ зиндагии худро барои он фидо кард, ки ҷаҳониён аз ранҷи мардуми Сурия огаҳ шаванд." Дар видеои 5 дақиқаӣ ҷангҷӯёни созмони Давлати Исломии Ироқ мегӯянд, ки Ҷеймс Фолиро барои он куштанд, Барак Обама амр дод, мавқеъҳои созмони онҳоро дар шимоли Ироқ бомборон кунанд. Давлатии Исломии Ироқ, ки як созмони ифротгарои исломист, қаламравҳои васеъеро дар Сурия ва Ироқ ишғол кардааст ва мехоҳад, як Халифати Исломӣ бисозад.

XS
SM
MD
LG