Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Рустам Назаров бо Ҷон Повелонес


Ҷон Повелонес, раиси барномаи Фармондеҳии Марказии Иёлоти Мутаҳида дар умури мубориза бо маводи мухаддир бо мудири Оҷонсии назорати маводи мухаддири назди президенти Тоҷикистон оид ба масълаи қочоқи маводи мухадир дар минтақа мулоқот кард. Хушнуд Раҳматуллоев, сардори дафтари матбуоти Оҷонсии назорати маводи мухадири назди президенти Тоҷикистон имрӯз бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи сешанбе Рустам Назаров, раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири назди президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо Ҷон Повелонес, раиси барномаи Фармондеҳии Марказии Иёлоти Муттаҳида дар умури мубориза бо маводи мухаддир оид ба омода намудани мутахасисон дар соҳаи “қонунигардонии маблағ, ки бо роҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба даст омадааст” ниёз дорад. Дар ин мулоқот бештар таваҷҷӯҳ ба масъалаи ҳамкории мақомоти Тоҷикистон бо ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон, ва ширкати муштараки онҳо дар амалиётҳои якҷо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Рустам Назаров дир ин мулоқот зикр кардааст, ки «айни ҳол мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо омодасозӣ ва такмилдодани мутахассисон, хусусан дар соҳаи “қонунигардонии маблағ, ки бо роҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба даст оварда шудаанд» машғуланд, ки дар ин робита ба таҳлилу баррасии фаврӣ ниёз доранд.

XS
SM
MD
LG