Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон 50 сар чорвои панҷакентиёнро бозпас дод


Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки дар як музокира бо мақомоти марзбонии Узбакистон ҳудуди 50 чорвои мардуми сарҳаднишини ноҳияи Панҷакент, ба соҳибонашон баргардонида шудаанд. Дафтари матбуоти Раёсати марзбонии Тоҷикистон рӯзи 20 август бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки се рӯз қабл дар натиҷаи гуфтушунид бо намояндагони Кумитаи сарҳадбонии Узбакистон, ҳудуди 50 сар чорво, аз ҷумла 25 асп ва 20 гов ба соҳибонашон баргардонида шуданд. Раёсати марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин маротибаи сеюм аст, ки дар натиҷаи музокироти бомуваффақият, чорвои мардум, ки аз беэҳтиётии чӯпонҳо дар чарогоҳҳо хати марзро гузаштаанд, баргардонида шуданд. Ҳикматулло Исматов, раиси ҷамоати Моғиёни ноҳияи Панҷакент низ ин хабарро тасдиқ намуда гуфт, ки дар аввалҳои моҳи июл ҳангоми чаронидани галаи аспу рамаи чорво чӣ тавр ба тарафи Ӯзбакистон гузаштани онро нафаҳмидаанд ва сарҳадбонони кишвари ҳамсоя барои вайрони кардани хатти марз, аспу говҳоро гирифта ба дохили қаламрави Узбакистон бурдаанд.

Зимнан, дафтари матбуоти Кумитаи сарҳадбононии Узбакистон низ дар расонаҳои хабарии ин кишвар аз баргардонида шудани чорвои сокинони марзии ноҳияи Панҷакент хабар додаанд. Мақомоти сарҳадбононии Узбакистон таъкид кардаанд, ки марзбонони Тоҷикистон тааҳҳуд дар мавриди вайрон накардани хатти марзи ду кишвар, хусусан дар мавриди роҳ надодани чорво ба хатти марзро риоя намекунанд. Мақомоти марзбонии Узбакистон мегӯянд, бо назардошти ин, ки чорвои мазкур ба сокинони деҳоти марзӣ таалуқ дошт ва бар иловаи ин мақомоти сарҳадбонии Тоҷикистон барои баргардонидани чорво муроҷиат карданд, чорво ба соҳибонашон дода шуд. Мақомоти марзбонии Узбакистон ба хотири такрор наёфтани чунин ҳолатҳо аз ҳамтоёни тоҷики худ хоҳиш кардаанд, ки ба мардуми манотиқи наздик ба хатти сарҳади муштарак маъракаҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом диҳанд.

XS
SM
MD
LG