Пайвандҳои дастрасӣ

Путин ва Порошенко ҳафтаи оянда дар Минск мулоқот мекунанд


Путин ва Порошенко (акс аз бойгонӣ)

Путин ва Порошенко (акс аз бойгонӣ)

Кохи Кремли Маскав мегӯяд, ки Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар ҷараёни ҳамоиши 26 август дар шаҳри Мински Беларусия бо Петро Порошенко-ҳамтои украинии худ мулоқот мекунад. Кохи Кремл дар як эъломияи худ дар сомонааш мегӯяд, ки Путин бо Порошенко ва ҳамчунин бо мақомоти расмии Кумиссиюни Аврупо ва Иттиҳоди Гумрукии АвруОсиё дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард. Дар Иттиҳоди Гурукӣ Русияву Беларусия ва Қазоқистон узвият доранд.

Порошенко ин хабарро таъйид кардааст ва гуфтааст, ки таъмини суботи вазъ дар шарқи Украина дар сархати масъалаҳои мулоқот қарор дорад.

Сомонаи Порошенко ҳамчунин гуфтааст, ки дар ин мулоқот раҳбарони Беларусия ва Қазоқистон низ ҳузур хоҳанд дошт. Путин ва Порошенко аз аввали июн то ҳол бо ҳам мулоқот накардаанд.

XS
SM
MD
LG