Пайвандҳои дастрасӣ

Нируҳои Ироқ амалиёти раҳоии Тикритро оғоз мекунанд


Низомиёни Ироқ амалиётеро барои берун рондани тундравҳои исломии Давлати исломиии Ироқ ва Шом аз шаҳри Тикрит оғоз кардаанд. Тикрит зодгоҳи диктатор Саддом Ҳусейн аст.

Мақомоти амниятӣ мегӯянд, ки онҳо аз ҷануб ва ғарб ба ин шаҳр ҳамла мекунанд. Ин шаҳр дар 140 километрии Бағдод қарор дорад. Ин шаҳрро тундравҳо моҳи июн ба контроли худ дароварда буданд. Моҳи гузашта нируҳои Ироқ натавонистанд дубора ин шаҳрро аз тундравҳо бигиранд.

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, дубора ба контрол даровардани обанбори Мавсил дар шимоли Ироқ тавассути нируҳои курд “қадами муҳиме ба пеш” дар мубориза бо тундравҳои Давлати Исломии Ироқ ва Шом мебошад.

Вай зимни сухунони худ дар Кохи Сафед 18 август гуфт, Амрико масъулияти тулониро барои шикаст додани тундравҳои исломӣ дар Ироқ бар дӯш гирифтааст. Обама гуфт, “як гурӯҳи ваҳшӣ” мисли тундравҳои исломӣ на танҳо ба ҳамаи ироқиҳо, балки ба Амрико низ “ҳатман” таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG