Пайвандҳои дастрасӣ

"Чавгонбозии" Имрон Хон бо Навоз Шариф дар Исломобод


Имрон Хон ҳангоми суханронӣ дар назди тарафдоронаш дар Исломобод.

Имрон Хон ҳангоми суханронӣ дар назди тарафдоронаш дар Исломобод.

Пулиси Покистон 19-уми август 150 мухолифи фаъоли ҳукумати Навоз Шариф - нахуствазири Покистонро дар ҷараёни тазоҳурот боздошт кардааст.

Рӯзи панҷум аст, ки дар Покистон тазоҳуроти мухолифони давлат идома дорад. Имрон Хон - раҳбари мухолифон ва Тоҳир Қодирӣ - рӯҳонии муҳофизакор раҳбарии тазоҳуроти эътирозии даҳҳо ҳазор нафар ҷонибдорони худро дар Исломобод бар ӯҳда доранд. Тазоҳуроти ду раҳбари мухолифон алоҳида- алоҳида дар ду ҷой баргузор мешавад, вале дар ҳар ду эътироз ҳам истеъфои нахуствазир Навоз Шарифро тақозо доранд ва вайро барои тақаллуб дар натиҷаҳои интихобот муттаҳам медонанд.

Имрон Хон, собиқ бозигари маъруфи крикет, ҳамроҳ бо рӯҳонии маъруф Тоҳир Қодирӣ раҳпаймоии ҷонибдорони мухолифин аз шаҳри Лоҳур ба Исломободро сарварӣ мекунад. Онҳо мегӯянд, ки то рӯзи истеъфои нахуствазир Навоз Шариф дар пойтахт хоҳанд монд. Мухолифин ҳукумати Покистонро дар фасод ва тақаллуби натиҷаҳои интихобот, ки дар он Навоз Шариф пирӯз шудааст, айбдор мекунанд.

Имрон Хон таҳдид кардааст, ки эътирозгаронро ба минтақаи ба истилоҳ “сурх”-и Исломобод раҳнамоӣ мекунад. Дар ин минтақа порлумон, сафоратхонаҳои кишварҳои ғарбӣ, раёсати ҷумҳурӣ, дафтари нахуствазир ва вазоратҳои калидӣ ҷой гирифтаанд. Чудрӣ Нисор Алихон - вазири дохилаи Покистон мегӯяд, эътирозгаронро ба “минтақаи сурх” роҳ нахоҳанд дод. Дар мусоҳибае бо Довудхон Хаттак - коршиноси умури Покистон дар Радиои Озодӣ пурсидам, оё таҳдидҳои Имрон Хон дар бораи вуруд ба “минтақаи сурх” боиси задухӯрди пулис бо эътирозгарон нахоҳад шуд?

Довудхон Хаттак: "Зоҳиран ҷонибдорони Имрон Хон дар муқоиса бо рӯзҳои пеш дар тазоҳурот камтар мешаванд. Вай як рӯз пеш таҳдид кард, ки онҳо вориди “минтақаи сурх” мешаванд. Вале ҳукумат талош дорад, ки доманаи ин эътирозҳо густардатар нашавад. Ба ҳамин далел, агар хушунате сар назанад, бо пулис задухурд рух надиҳад ва ё ба нақзи қонун роҳ надиҳанд, ман бовар дорам, ки вазъ зери контрол боқӣ хоҳад монд. Вале агар чунин хушунатҳо пеш ояд ё ҷонибҳо ба тирандозӣ роҳ диҳанд, дар он сурат, ба назари ман, вазъи сиёсӣ дар Покистон аз контрол хориҷ мешавад."

Суол: Вале шумо бовар доред, ки ҳукумат ба ин тазоҳуроти эътирозӣ бархурди шадид нишон хоҳад дод ва ё роҳи музокира бо намояндагони мухолифонро низ дар назар мегирад?

Довудхон Хаттак: “Ҳоло ҳозир муносибати ҳукумат ором ва хеле сулҳҷӯёна аст. Ман худам ва ҳамкорони ман бо мақомоти ҳукуматӣ сӯҳбат кардем. Онҳо хостори хатми сулҳомези тазоҳуроти эътирозӣ ҳастанд. Шоми рӯзи душанбе нахуствазир ду кумитаи вижа ташкил дод. Яке аз ин кумитаҳо бо Имрон Хон ва кумитаи дигарӣ бо доктор Тоҳир Қодирӣ музокиротро оғоз кардаанд. Ин музокирот дар Исломобод ба таври алоҳида баргузор мешаванд. Яке аз кумитаҳо мегӯяд, ки бо доктор Қодирӣ музокироти мустақим анҷом медиҳад. Вале кумитаи дигарӣ мегӯяд, ки Имрон Хон музокироти мустақимро қабул надорад. Ин бад-он маъност, ки Имрон Хон ба чизе пойбандӣ дорад.”

Суол: Ҳизби “Таҳрики Инсоф”-и Имрон Хон таҳдид кардааст, ки ҳамаи 34 узви Маҷмаи Миллии онҳо аз мақомҳои худ дар минтақаҳо истеъфо хоҳанд дод. Шумо фикр намекунед, ки ин истеъфоҳо мумкин аст, сабаби баргузории интихоботи нав дар Покистон шавад?

Довудхон Хаттак: “Тибқи Қонуни Асосӣ имкони баргузории интихоботи нав баъд аз ин истеъфоҳо вуҷуд надорад. Дар Покистон тибқи Қонуни Асосӣ интихоботи навро Кумиссиюни интихоботӣ эълон мекунад ва ё интихоботи миёндавраӣ баргузор мешавад. Вале масъалаи истеъфои аъзои Маҷмаи Миллӣ муқаррароти худро дорад. Истеъфои онҳоро бояд раиси Маҷмаи Миллӣ ё Ассамблеяи Миллӣ қабул кунад. Вале агар ин истеъфоро раиси Маҷмаи Миллӣ қабул накунад, дар он сурат имкони он вуҷуд дорад, ки Имрон Хон баъд аз музокирот ин истеъфоҳоро пас бигирад. Вале агар дар ҳамон ҳолат ҳам ба истеъфои худ исрор варзанд, дархостҳои ҳукумату Маҷмаи Миллиро қабул накунанд ва раиси Маҷмаи Миллӣ ин истеъфоҳоро бипазирад, дар он сурат барои ишғоли курсиҳои холишуда интихоботи миёндавраӣ баргузор мешавад. “

XS
SM
MD
LG