Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай хостори раҳоӣ аз бунбасти интихоботӣ шуд


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон, ки акнун баъд аз интихобот мақоми худро тарк мекунад, дар Кобул зимни суханронии худ дар маросими Рӯзи Истиқлоли Афғонистон гуфт, номзадҳои интихоботии раёсати ҷумҳурии ин кишвар бояд ба баҳсҳои интихоботии худ роҷеъ ба натиҷаҳои интихобот хотима диҳанд ва кишварро аз хушунат ва ақибмондагии иқтисодӣ наҷот диҳанд.

19 август дар ин суханронӣ Карзай гуфт, ҳамаи кишвар интизор аст, ки натиҷаҳои интихобот зудтар эълон шавад. Вай гуфт, афғонҳо мехоҳанд, ки номзадҳо роҷеъ ба “ҳукумати қобили қабул” ба тавофуқ бирасанд, ҳукумате, ки касе аз он берун нахоҳад монд.

Даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурӣ натавонист барандаи аслиро маълум кунад ва акнун иддао мешавад, ки дар даври дуввум тақаллуби зиёд мушоҳида шудааст.

Вашингтон барои ҳисоби оро, ҷудо кардани орои пок аз нопок ва ташкили ҳукумати мушорикати миллӣ миёнравӣ кард, то мубоҳисот миёни Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ-рақибони интихоботӣ хотима ёбад.

XS
SM
MD
LG