Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ роҳи нав сохт


Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар ҳузури мири шаҳри Хоруғ роҳи деҳаи Дашт- Хоруғро расман барои баҳрабардорӣ ба шаҳрдории Хоруғ супорид. Донишгоҳи Осиёи Маркази бо пахши як хабарнома иттилоъ дод, ки бунёди роҳи нави 2.5 километра, ки роҳи асосии Хоруғро бо деҳаи Дашт пайваст мекунад, аз тарафи ин донишгоҳ анҷом дода шуд. Он 18 августи соли 2014 дар ҳузури мири шаҳр Фаромуз Имомбердиев расман ба шаҳрдории Хоруғ ва комиссияи давлатӣ супорида шуд. Роҳи Дашт дорои ду хати ҳаракат буда, ҷузъи якчанд лоиҳаи зербиноии анҷомдодаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аст, ки барои оғоз бахшидани сохтмони кулл зарур мебошанд ва наздики 250 нафар аз сокинони маҳаллиро ба кор фаро гирифта буд. Сохтмони роҳ давоми панҷ моҳ анҷом дода шуда, мавзеи бинои асосии дар Хоруғ будаи донишгоҳро бо Дашти боло, ки сокинони зиёди маҳаллӣ истиқомат доранд пайваст мекунад. Корҳои сохтмонии роҳ аз ҷониби ширкати маҳаллии Помир ва корҳои рушноидиҳӣ бошад аз тарафи Хадамоти "Помир Энерго" бо ҷалби коргарони маҳаллӣ аз ҳисоби сокинони деҳоти Дашт ва Хъидъҷ анҷом дода шудаанд.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) соли 2000-ум аз ҷониби раисони ҷумҳури Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Оғохон бо мақсади пешниҳоди стандарти дар сатҳи байналмилалӣ эътирофгардидаи таҳсилоти олӣ дар Осиёи Марказӣ таъсис ёфта, барои омодасозии хатмкардаҳои дорои дониш, малака ва зарфиятҳои эҷодӣ ҷиҳати таъмини пешравӣ ва навоварӣ дар рушди минтақа талош меварзад.

XS
SM
MD
LG