Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳои зидди Навоз Шариф дар Исломобод идома дорад


Пулиси Покистон мегӯяд, ки 19 август 150 нафар фаъолони мухолифони ҳукумати Навоз Шариф-нахуствазири Покистонро дар ҷараёни тазоҳурот боздошт кардааст. Панҷумин рӯзи ин тазоҳурот дар Исломбод идома дорад.

Имрон Хон-раҳбари мухолифон ва Тоҳир Қодирӣ-рӯҳонии муҳофизакор раҳбарии тазоҳуроти эътирозии даҳҳо ҳазор ҷонибдорони худро дар Ислобод бар уҳда доранд.

Тазоҳуроти ин ду раҳбари мухолифон алоҳида баргузор мешавад, вале ҳар ду ҳам истеъфои Навоз Шарифро тақозо доранд ва вайро барои тақаллуб дар натиҷаҳои интихобот муттаҳам медонанд.

Имрон Хон таҳдид кардааст, ки 19 август эътирозгаронро ба минтақаи ба истилоҳ “сурх”- Исломобод раҳнамоӣ мекунад. Дар ин минтақа сафоратхонаҳои кишварҳои ғарбӣ ва вазоратҳои калидӣ ҷой гирифтаанд.

Ҳукумат мегӯяд, ки баргузории тазоҳурот дар минтақаи “сурх” мумкин нест ва ин минтақаро пулиси зиддитазоҳурот ва нируҳои ниманизомӣ ба ҳалқаи худ гирифтаанд.

Имрон Хон ва Қодирӣ мегӯянд, ки дар давоми ҳафтаи гузашта садҳо нафар ҷонибдорони онҳо боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG