Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корбаз интиқоли кӯмакҳо ба шарқи Украинаро баррасӣ мекунад


Кӯмакҳои Русия дар марз бо Украина
Кӯмакҳои Русия дар марз бо Украина

Лоурент Корбаз-намояндаи Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх 19 август дар Маскав масъалаи интиқоли кӯмакҳои башарии Русия ба шарқи Украинаро баррасӣ мекунад. Кӯмакҳои Русия то ҳол дар марз барои интиқол интизор мондаанд. Русия 18 август гуфт, ки дар бораи роҳи интиқоли ин кӯмакҳо бо Киев ва Салиби Сурх тавофуқ ба даст омадааст.

Дар ҳамин ҳол, Украина мегӯяд, ки дар ҳамлаи шӯришиён ба корвони одамони гуреза даҳҳо нафар шаҳрвандон кушта шудаанд. Киев мегӯяд, ки ин корвон 18 август дар минтақаи Луҳанск бо вуҷуди дар даст доштани парчамҳои сафед гирифтори ҳамла шудааст.

Андрей Лисенко-сухангӯи низомиёни Украина ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки 15 ҷасадро пайдо кардаанд. Ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия ин гузоришҳоро “таблиғоти маҳз” номидаанд.

XS
SM
MD
LG